Ҳабси писари Гул Шералӣ ва 12 нафари дигар дар Душанбе
![Ҳабси писари Гул Шералӣ ва 12 нафари дигар дар Душанбе](https://gdb.rferl.org/6354F959-1EC0-4851-B23D-C3426E826765_cx0_cy27_cw0_w800_h450.jpg)
Диловар Гулов, писари 22-солаи Гул Шералӣ, вазири пешини энергетикаи Тоҷикистон, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст. Раёсати умури дохилии пойтахт рӯзи 13-уми март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигарро ба майдаавбошӣ муттаҳам кард.
Онҳо аз 5 то 15 рӯз дар ҳабс хоҳанд монд.
Мақомоти умури дохилии Душанбе гуфтанд, ки Диловар Гулов ва 12 нафари дигар соати 5-и субҳи 10-уми март дар тарабхонаи «Галакси», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, якдигарро дашному ҳақорат кардаанд.
“Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ҷавонон боз ба ҳаркатҳои ғайриқонуниашон идома дода, ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарданд” – гуфт манбаъ.
Ҳоло онҳо дар ҳабси маъмурианд ва рӯзона ба корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ ва тоза кардани боғҳо машғуланд.
Рӯйхати 12 нафари дигар, ки ҳамроҳи Диловар Гулов боздошт шудаанд:
Қодиров Абдулло Хайруллоевич соли таваллудаш 19.10.1985 сокини шаҳри Душанбе;
Маҳмадиев Маҳмадраҷаб Илҳомидинович соли таваллудаш 07.01.1992, сокини шаҳри Душанбе;
Ҷумъаев Искандар Салимович соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе;
Аҳлиддини Додарбек соли таваллудаш 01.02.1991 сокини шаҳри Душанбе;
Давлатшоев Саидакрам Абдуллоевич соли таваллудаш 15.04.1992 зода ва сокини ноҳияи Данғара;
Нуруллозода Дилшод соли таваллудаш 15.07.1991 зода ва сокини шаҳри Ҳисор;
Тағоев Темур Усмонович соли таваллудаш 06.08.1978 сокини шаҳри Душанбе;
Ашуров Набиҷон Ҷумахонович 25.08.1995 сокини шаҳри Кулоб;
Умаров Акмал Акбарович соли таваллудаш 06.04.1996 сокини шаҳри Душанбе;
Абдуллоев Раҳматулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 26.04.1986 сокини шаҳри Душанбе;
Раҳматов Акмал Акрамович соли таваллудаш 1993 сокини шаҳри Душанбе;
Раҳматов Акбар Акрамович соли таваллудаш 07.01.1996 сокини шаҳри Душанбе.