Трамп вазири умури хориҷии ИМА Тиллерсонро аз мақом барканор кард
Раиси ҷуҳмури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трам, Рекс Тиллерсон - Котиби давлтаии ИМА-ро аз мақом барканор кард. Тиллерсонро дар ин вазифа Майк Помпео - раҳбари Идораи истихбороти ИМА иваз мекунад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 13 март хабар дод.
Як мақоми баландпоияи маъмурияти Кохи сафед ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки Трамп рӯзи ҷумъа аз Тиллерсон хоста буд, ки аз мақоми Котиби давлатӣ канор равад.
"Майк Помпео, раҳбари ЦРУ, котиби давлатии нав мешавад, ӯ корҳои фантастикиро анҷом медиҳад! Ташаккур ба Рекс Тиллерсон барои хизматаш! Ҷина Ҳаспел раҳбарии Идораи истихборотро бар дӯш мегирад. Ба ҳама муборак бошад!",- навиштааст Трамп дар твиттер.
Ҷина Ҳаспел дар Идораи истихбороти ИМА муовини Майк Помпео буд. Ӯ нахустин занест, ки дар ин мақоми калидӣ раҳбар мешавад.
Ҳафтаи гузашта Тиллерсон сафари кишварҳои Африқоиро қатъ кард ва ба гуфтаи худаш бо далели корҳои "нотамом" ба Вашингтон баргашт.
Истеъфои Тиллерсон баъди шоеаҳо чандмоҳа, ки мегуфтанд, собиқ раҳбари ширкати нафтии ExxonMobil Рекс Тиллерсон аз мақоми Котиби давлатии ИМА канор меравад, расмӣ шуд.