30 рӯз бе сабтином – Созиши нави Тоҷикистону Қазоқистон
![30 рӯз бе сабтином – Созиши нави Тоҷикистону Қазоқистон](https://gdb.rferl.org/155DE265-7546-496B-B6FC-BEAE13966968_w800_h450.jpg)
Тоҷикистону Қазоқистон санадеро имзо гузоштанд, ки бар пояи он шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доранд, дар ҳудуди якдигар 30 рӯз бидуни сабтином будубош кунанд. Ин санад рӯзи 14-уми март, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон имзо шуд.