Русия дипломатҳои Британияро аз қаламраваш хориҷ мекунад
Дар посух ба таҳрими Британия, Русия дипломатҳои он кишварро аз қаламраваш берун мекунад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 15 март изҳорот дод. Лавров дақиқ нагуфт, ки чанд дипломати Британияро хориҷ мекунаyд ва барои берун шудан аз Русия ба онҳо чӣ қадар вақт медиҳанд. Лавров иттиҳоми Британияро, ки дар заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал Маскавро масъул медонад, "беасос ва беодобона" унвон кард.
Рӯзи 14-уми март нахуствазири Британия Тереза Мэй, Русияро ба заҳролуд кардани ҷосуси пешини истихборот Сергей Скрипал муттаҳам кард ва ба 23 дипломати рус барои хориҷ шудан аз қаламрави кишвар як ҳафта муҳлат дод. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, чораҳои ҷавобии Маскав ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
Рӯзи 4-уми март Сергей Скрипал ва духтараш Юлия баъди заҳролудшавӣ бо гази фалаҷкунандаи асаб дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Як ходими пулис, ки қазияро боҷӯӣ мекард, низ ба бемористон афтод.