Мушовири Маҳмуди Аҳмадинажод боздошт шуд
Манобеи қазоии Эрон рӯзи 17-уми март аз боздошти Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раиси дафтари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва наздиктарин нафари ӯ хабар доданд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар вокуниши фаврӣ мақомҳои қазоиро масъули саломати ӯ донист ва хостори озодиаш шуд.