Шӯришгарони Сурияро аз шаҳри Ғутаи Шарқӣ берун оварданд
Шӯришгарони Сурия дар заминаи созиши таҳти назари Русия, бахше аз Ғутаи Шарқиро бо автобусҳо тарк карданд ва шаҳри Ҳарастаро ба нерӯҳои ҳукуматӣ супурданд.
Қарори гурӯҳи "Аҳрор ал Шамъ" дар заминаи пазируфтани шартҳои артиш ва холӣ кардани шаҳр, рӯзи 22 март, аз замони ҷанги Ҳалаб, соли 2016, калонтарин пирӯзии нерӯҳои ҳукуматӣ бар шӯришгарони мусаллаҳ номбар мешавад. Ҷангиён ва хонаводаҳои онҳо бо 30 автобус Ҳарастаро тарк карданд. Матбуоти давлатии Сурия менависад, ки автобусҳо 1580 нафар, бо шумули 413 ҷангиро аз роҳи амн ба самти шимолу ғарбии Сурия бурданд.
Ҳамлаи артиш ба Ғутаи Шарқӣ, охирин минтақаи таҳти назорати шӯришгарон дар наздикии пойтахт, яке аз пуршиддаттарин ҳамлаҳо дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия ба шумор меояд. Дар ин ҳуҷумҳо беш аз 1500 нафар кушта шуд ва ин хашми ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.
Ба гуфтаи Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, ҳамакнун нерӯҳои Башор Асад беш аз 80 дар сади Ғутаро, ки аз соли 2012 таҳти назорати шӯришгарон буд, ишғол карданд.