Тирпарронӣ, гаравгонгирӣ ва ҳалокати як нафар дар ҷануби Фаронса
Як марди мусаллаҳ дар фурӯшгоҳи шаҳри начандон бузурги воқеъ дар ҷануби Фаронса аз силоҳ ба сӯи пулис оташ кушод ва одамонро гаравгон гирифт. Тавре матбуоти Фароса рӯзи ҷумъаи 23 март хабар дод, ҷинояткор худро аз пайравони гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" эълон кард.
Гузоришҳо мегӯянд, ки дастикам як нафар кушта, ва як нафари дигар шадидан захмӣ шудааст.
Дар саҳифаи твиттери Вазорати умури дохилии Фаронса аз амалиёт дар ноҳияи Треб хабар пахш шуд. Дар бораи теъдоди гаравгонҳо маълумоте дастрас нашудааст.
Хабаргузории France Press бо такя ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Фаронса мегӯяд, ки ҳангоми гаравгонгирӣ як ходими пулис захмӣ шуд. Гурӯҳи вежаи зидди-террористии пулиси Фаронса ба ҷойи ҳодиса рафт. Ноҳия дар иҳотаи пулис қарор дорад.