Ҳалокати се коргар дар баландошёнаҳои Хуҷанд мақомотро "ҳушёр кард"
Ҳалокати се нафар дар якуним соли гузашта дар сохтмони баландошёнаҳои шаҳри Хуҷанд мақомотро «ҳушёр» ва даст ба кор кардааст. Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз ширкату корфармоҳои минтақа талаб дорад, ки шароити бехатарии зердастони худро таъмин карда, дар сурати тасодуфе ба онҳо ҷуброн пардозанд.