Интиқоди Эрон аз мушовири амнияти миллии президенти ИМА
Эрон тасмими президент Доналд Трамп дар бораи ба мақоми мушовири амнияти миллӣ таъин кардани собиқ сафири ИМА дар СММ Ҷон Болтонро интиқод кард ва ин тасмимро “як шармандагӣ” номид. Эрон гуфт, ки ин тасмим аломати он аст, ки Вашингтон хостори табаддулоти давлатӣ дар Эрон аст. Сухангӯи Болтон ин изҳоротро ба унвони “як таблиғот” рад кард. Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз мулоқоти Болтон бо мухолифони ҳукумати Эрон – “Муҷоҳидони халқ” дар хориҷа дар соли 2017 ёдовар шуд, ки дар ин мулоқот аз барканории ҳукумат дар Эрон пуштибонӣ кардааст. Ин гурӯҳи оппозитсионӣ дар хориҷа ба сар мебарад. Оҷонсии нимарасмии Форс дар нақли қавл аз Шамхонӣ навишт, ки ӯ рӯзи 25 март гуфтааст, “шармандагӣ аст, ки мушовири амнияти миллии кишвари абарқудрате аз гурӯҳи террористӣ подош бигирад”. Дар ин гузориш гуфта нашуд, ки то куҷо Шамхонӣ барои иттиҳоми худ далеле пешкаш карда бошад. Айни замон, “Муҷоҳидони халқ” ва мақомоти дигари амрикоӣ ҳам гӯё маблағгузорӣ шудани Болтонро аз ҷониби ин гурӯҳ рад карданд.