Аслов: "Давлати Исломӣ" ҳанӯз нирӯ дорад
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қонунмандии гурӯҳи Толибонро эътироф накардаанд ва аз қаламрави ин кишвар ҳам ба ҷангиён силоҳу аслиҳа интиқол намеёбад. Ин изҳороти Аслов шоми 27 март дар нишасти байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар Тошканд садо дод ва ин посух ба як генерали амрикоӣ буд, ки гуфтааст, Русияи ҳамкори Толибон ин гурӯҳи ҷангҷӯро аз қаламрави Тоҷикистон бо силоҳ таъмин мекунад.
Изҳори назарҳои генерал Ҷон Николсон, яке аз генералҳои баландпояи амрикоӣ ва ҷонибдори ҳалли низоъҳо дар Афғонистон дар Тоҷикистон бепояву асос хонда шуд. «Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қаламрави худро барои анҷоми чунин корҳо дар ихтиёри кишварҳои сеюм вогузор накардааст, чунки ин чиз хилоф бо мавқеи қотеи давлат мебошад», гуфт Аслов дар Тошканд. Хулосаҳои сӯҳбатҳои Асловро нашрияи интернетии gazeta.uz нашр кардааст.
Айни замон, Аслов гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барқарории Афғонистон ва мусоидат дар рушди ин кишвар кӯмаки моливу иқтисодӣ ироа кунад. Аслов гуфт, таваҷҷӯҳи нокофии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти Афғонистон боиси дар ин қаламрав зуҳур кардани ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» шуд. «Бо вуҷуди талошҳои кишварҳои зиёд, гурӯҳи «Давлати исломӣ» нирӯи худро аз даст надодааст», гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон.