Фарзон Салимов: “Дар сӯхтори Кемерово беш аз 50 нафарро наҷот додем”
Дар наҷоти қисме аз бошандагони маркази тиҷоратии оташгирифтаи “Зимная вишня” дар Кемеровои Русия панҷ нафар аз тоҷиктаборон, аз ҷумла Фарзон Салимов ва Маҳмуд Хоҷаев, низ саҳм гузоштаанд. Ин панҷ нафар, ки ҳамагӣ кормандони мағозаи фурӯши либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми ин марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз оташ наҷот додаанд.