Фурудгоҳи Бохтар баъди як соли танаффус дубора фаъол шуд
![Фурудгоҳи Бохтар баъди як соли танаффус дубора фаъол шуд](https://gdb.rferl.org/825FBFA3-E2C3-414B-8EE9-180D6A826DCA_cx0_cy10_cw0_w800_h450.jpg)
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), маркази вилояти Хатлон, ки моҳи майи соли гузашта аз кор монда буд, дубора ба фаъолият шуруъ кардааст. Интизор меравад, рӯзи якуми апрел аввалин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба ин фурудгоҳи Бохтар биояд.