20 кушта дар задухӯрдҳои Кашмир
Мақомот гуфтанд, баъди он ки ҳазорҳо эътирозгар ба кӯчаҳо рехта сангандозӣ ва зидди ҳукумати Чин садо баланд карданд, полис ба сӯи онҳо оташ кушод.
Дар худи Шринагар рӯзи 2 апрел мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоративу молӣ баста шуданд. Полис тадбирҳои амниятиро шадидтар карда маҳдудиятҳои ҳаракат дар минтақа ҷорӣ шудааст. Барои ҷилавгирӣ аз хушунатҳо, шумори низомиён дар минтақа афзоиш дода шуд ва баррикада ё саддҳои ҷилавгирикунанда аз убури эътирозгарон гузошта шудааст.
Вазорати хориҷаи Покистони ҳамсоя хушунатҳои дирӯзаро маҳкум карда гуфтааст, ки афроди кушташуда бегуноҳ буданд.
Ин ҳодисаҳо баъди он сар зад, ки артиши Ҳинд дар минтақаи ҷанубии Кашмир амалиёти зиддишӯриширо ба роҳ монд. Ин минтақаи баҳсӣ ба макони муқовимати зидди ҳукумати Деҳлии Нав табдил шудааст.
Баъди он ки ҳукумати Бритониё дар соли 1947 аз ин макон берун шуд, Кашмир дар миёни аксарияти ҳиндуҳо ва мусалмонони Покистон тақсим шуд. Ҳарду ҷониб ҳам ин минтақаро аз они худ меномад ва дар муддати беш аз 70 соли охир дар ин қаламрав ду дафъа ҷангҳо сар задааст.