Ба мансабдорон тавсия шуд, ки ба сайёҳат раванд
Мансабдорони тоҷик тавсия гирифтаанд, ҳангоми рухсатии меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон ба саёҳат раванд ва аз маконҳои таърихӣ дидан кунанд. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ин замина ба вазорату корхонаҳои кишвар 20 хатсайр пешниҳод кардааст, то кормандон аз рӯи он ҳангоми рухсати ба саёҳат раванд.