Вазорат: "Маълум нест, ки талабаҳо дар Мӯъминобод аз чӣ беҳуш шуданд"
![Вазорат:](https://gdb.rferl.org/C5C43CF4-C26A-407A-BF5A-14F224CFA8D6_w800_h450.jpg)
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст. Нисфирӯзии 5-уми апрел ба якборагӣ хонандаҳои синфи 5 ва 7-и ин мактаб беҳуш шуданд.