Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Шарҷа омодагӣ мебинад
![Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Шарҷа омодагӣ мебинад](https://gdb.rferl.org/BFFA13E4-5C92-476F-A45E-A6B5E1AB6CBA_w800_h450.jpg)
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони то 19-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд.