Ереван: Пулис дастикам 30 эътирозгарро боздошт кард
Ташкилкунандаи эътироз - раҳбари ҳизби "Созиши шаҳрванӣ" Никол Пашинян аз оғози "нофармонии комил" хабар дод ва талаби катбии раҳбари пулис, барои хатми тазоҳуротро пора кард. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс гузориш медиҳад.
Пашинян ва тарафдоронаш дар кӯчаҳои марказии Ереван ҳаракат доранд ва роҳи нақлиётро масдуд кардаанд. Субҳи имрӯз ӯ ба бастани тамоми ҷодаҳое даъват кард, ки ба сӯи порлумон мебаранд. Қарор аст имрӯз намояндагони мардумии Арманистон номзадии нахуствазири навро баррасӣ кунанд.
Рӯзи гузашта ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳ ва Дашнакцютюн аз пешбарии номзадии Саргсян ба мақоми нахуствазир якдилона пуштибонӣ карданд.
Иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ Саргсянро ба тасарруфи қудрат дар кишвар муттаҳам мекунанд. Саргсян соли 2007 то 2008 нахуствазир ва аз соли 2008 то 2018 президенти Арманистон буд. Баъди ислоҳоти Қонуни асосӣ Арманистон ба сохти идораи порлумонӣ мегузарад. Идораи давлат акнун бо нахуствазир хоҳад буд.