Роҳи самбочиёни тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ боз шуд
![Роҳи самбочиёни тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ боз шуд](https://gdb.rferl.org/9588E717-8941-4974-BB10-E51619A17E1C_w800_h450.jpg)
Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) узвияти Федератсияи самбои Тоҷикистонро пас аз пардохти қарзи сесолааш ба маблағи 900 доллари ИМА азнав барқарор намуд. Ҳамакнун ба варзишгарони тоҷик иҷоза дода шуд, ки дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо иштирок намоянд.