"Фармоишро иҷро кардем" Баёноти гумонбарон дар қатли соҳибкор
Гуруҳи шашнафарие, ки соли гузашта дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як соҳибкор ва завҷаашро ба қатл расониданд, гуфтаанд, бо фармоиши Зафар ном сокини Хуҷанд барои дуздӣ ба хонаи онҳо даромада буданд. Айни ҳол Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ин шаш нафарро шурӯъ кардааст.