Миллиардер Иванишвилӣ ба саҳнаи сиёсии Гурҷистон бармегардад
![Миллиардер Иванишвилӣ ба саҳнаи сиёсии Гурҷистон бармегардад](https://gdb.rferl.org/A64BA0E4-8B2C-4F39-BFF9-9A1361F5880F_cx0_cy5_cw0_w800_h450.jpg)
Нахуствазири Гурҷистон Георгий Квирикашвилӣ рӯзи 26 апрел дар як нишасти матбуотии фавқулодда гуфт, ки бунёдгузори ҳизби ҳокими "Орзӯи Гурҷистон", миллиардер Бидзина Иванишвилӣ розӣ шуд, раҳбарии ҳизбро дубора бар дӯш бигирад. Эҳтимол дорад, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ маҳз Иванишвилӣ аз ҳизби ҳоким номзад пешбарӣ мешавад.
Дар ин нишасти вежа, ки тавассути ҳамаи телевизионҳои умумилӣ пахш шуд, нахуствазир Георгий Квирикашвилӣ гуфт, шахсан аз миллиардер даъват кард, ки ба ҳизби "Орзӯи Гурҷистон" раҳбарӣ кунад ва Иванишвилӣ пешниҳодро пазируфт.
Бидзина Иванишвилӣ ҳизби "Орзӯи Гурҷистон"-ро соли 2011 таъсис дод ва дар интихоботи соли 2012-и порлумонӣ "Ҷумбиши муттаҳидаи миллӣ"-и Михайил Саакашвилиро шикаст дод. Иванишвилӣ дар воқеъ, президенти пешинро, ки додситонӣ алайҳи ӯ чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, маҷур кард, аз кишвар фирор кунад.