Сафари Усқуфи аъзами Русия ба Албанияи мусулмоннишин
![Сафари Усқуфи аъзами Русия ба Албанияи мусулмоннишин](https://gdb.rferl.org/117538EE-A96C-4950-A51D-C24D14572105_w800_h450.jpg)
Усқуфи аъзами Русия Кирил рӯзи 28-уми апрел нахустин бор ба Албанияи мусулмоннишин сафар кард. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Модар Тереза дар шаҳри Тирана, пешвои масеҳиёни православи Албания Анастасиос пешвоз гирифт.
Пешвои масеҳиёни Албания, сафари Усқуфи аъзами Русияро “таърихӣ ва дорои аҳамияти чашмгир” номид. Усқуфи аъзам дар ҷараёни сафари серӯза бо Илир Мита ва Эди Рама, раиси ҷумҳур ва нахуствазири Албания мулоқот мекунад.
Аксари мардуми 3 миллионнафарии ин кишвар мусулмон ҳастанд, вале айни замон онҷо масеҳиёни православ ва католик зиндагӣ мекунанд. Бар асоси нуфусшумории соли 2011 ҳафт дар сади аҳолии Албания масеҳиёни православ будаанд.