Ҳабс ё ҷарима? Қонуни ҷиноии Тоҷикистон "нармтар" мешавад. САДО
Дар Тоҷикистон таҳияи Кодекси нави ҷиноӣ идома дорад, ки тамаркузи асосӣ дар он ин гуманитар кардани ҷазоҳо мебошад. Мақомот мегӯянд, бо таҳияи Кодекси нави ҷиноӣ, ҷазои маҳбас камтар шуда, ба ҷойи он ҷарима бештар татбиқ мешавад.