Дар Кобул 21 нафар куштанд, 40 танро захмӣ карданд
Бар асари ду ҳамлаи интиҳории субҳи душанбеи 30-юми апрел дар шаҳри Кобул, 21 нафар кушта ва ҳудуди 40 тани дигар захмӣ шуд. Таркиши аввал дар минтақае бо номи "Шаш дарак" дар наздикиҳои идораи Раёсати амнияти миллии Афғонистон рух додааст.