Дар Тошканд музокироти президентҳои Туркия ва Узбекистон ҷараён дорад
Дар ҷараёни сафаре, ки то 1 май идома мекунад, қарор аст Эрдуғон дар парлумони Узбекистон суханронӣ ва бо Мирзиёев дар форуми соҳибкорони ду кишвар иштирок кунад. Радиои Озодлик, бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар остонаи ин сафар аз қавли соҳибкорони турк навишта буд, ки мақомоти Узбекистон барои тавсеаи муҳити сармоягузории кишвар монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд.
Шоми 29 апрел, дар остонаи парвоз ба Тошканд, Эрдуғон дар як нишасти мухтасари матбуотӣ изҳори умед кард, ки ду кишвар метавонанд имкониятҳои аздастдодаи ҳамкориро барқарор кунанд. Эрдуғон гуфтааст, ки қарор аст дар маросими ифтитоҳи марказҳои таҳқиқотии ба номи имом Ал-Бухорӣ ва имом Матуридӣ иштирок кунад. Рӯзи 1 май сафари ӯ ба Бухоро ҳам дар назар гирифта шудааст.
Эрдуғонро дар сафар ба Тошканд ҳамсараш ҳамроҳӣ мекунад.