ВАО: Олигархҳои рус миллиардҳоро дар оффшор нигаҳ медоранд
Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда порлумони Британия маълумот дар бораи моликони аслии дороиҳои оффшориро ошкор кунад. Намояндагони мардумӣ тарҳи қонунеро омода кардаанд, ки маъмурияти қаламравҳои хориҷиро ба ошкор кардани афроде муваззаф мекунад, ки дар шустушӯи "пулҳои чиркин" даст доранд.
Нахуствазири Британия Тереза Мэй қавл дод, ки дар вокуниш ба қасди куштори Сергей Скрипал - ҷосуси пешини Идораи истихбороти Русия, авоили моҳи март, дороиҳои сармоягузорони русро масдуд мекунад. Ба гуфти Мэй, дар Британия барои нафарони марбут ба ин ҷиноят ва пулҳои онҳо ҷой нест.
Таҳлилгарони созмони Global Witness мегӯянд, ки бахши умдаи "пулҳои Русия" дар ҷазираҳои Виргинияи Британия нигаҳдорӣ мешаванд.