Ироқ 4 зани тоҷикро ба ҳабси абад маҳкум кард
Бино ба гузоришҳо додгоҳе дар Ироқ чаҳор зан аз Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум кардааст.
Номи ин занҳо ошкор нашудааст, маълум нест, ки онҳо аз кадом қисмати Тоҷикистон ҳастанд ва кай ба Ироқ омаданд.