Дабири кулли СММ аз шикастани паймони ҳастаӣ бо Эрон ҳушдор дод
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш гуфт, даст кашидан аз созишномаи муҳими ҳастаӣ бо Эронро ба салоҳи кор намедонад, магар, ки алтернативаи беҳтар аз он мавҷуд бошад.
Раиси ҷумҳури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп аз мунаққидони шадиди созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон аст, ки бар пояи он Теҳрон розӣ шуд, барномаҳои ҳастаиашро дар ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ маҳдуд кунад.
Трамп ба кишварҳои аврпуоӣ, ки ба ин санад имзо гузоштаанд то рӯзи 12 май фурсат дод, то ба гуфтаи ӯ "камбудиҳои ваҳшатнок"-и ин санадро ислоҳ кунанд, вагарна Вашингтон аз он хориҷ мешавад ва таҳримҳои алайҳи Эронро тамдид мекунад.
Тарафҳои дигари созишнома - Фаронса, Британия, Олмон, Русия ва Чин аз раиси ҷумҳури ИМА даъват кардаанд, ки дар ин қарордод бимонанд, ҳарчанд шарикони Ғарбӣ низ аз шартҳои санад нигаронӣ доранд.
"Агар рӯзе қарордоди беҳтар аз ин таҳия шавад, хуб аст, аммо мо набояд аз қарордоди феълӣ даст кашем, дар ҳоле, ки алтернативаи беҳтар надорем",-гуфт Антонио Гутерриш дар сӯҳбат бо радиои BBC 4.