Пашиниён мехоҳад, "ҳукумати оштӣ" таъсис диҳад
![Пашиниён мехоҳад,](https://gdb.rferl.org/1C537F48-5111-40DA-B473-55BCE308134D_w800_h450.jpg)
Никол Пашиниён, пешвои мухолифони давлат дар Арманистон гуфт, дар сурати нахуствазир шуданаш, ҳамкорӣ бо ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳро сарфи назар намекунад.
Ӯ рӯзи 5-уми май ба хабарнигорон дар Ереван гуфт, “Ҳамкории эҳтимолии мо ба авзои воқеии сиёсӣ вобаста хоҳад буд”. Айни замон ӯ афзуд, ки ҳадафи асосиаш таъсиси ҳукумати оштӣ хоҳад буд.
Никол Пашиниён, ки тазоҳуроти чандҳафтаинаи густурда дар Арманистонро раҳбарӣ кард, дар роҳ ба сӯи мақоми нахуствазири Арманистон аст.
Дар натиҷаи эътирози мардум, Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури собиқ ва раиси Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Арманистон баъди чанд рӯзи нахуствазир шудан, аз ин мақом даст кашид.
Саркиссиён як даҳсола раиси ҷумҳури Арманистон буд ва моҳи апрел баъди хатми ду давраи раёсати ҷумҳурӣ дар порлумон нахуствазир интихоб шуд. Мухолифон баъди ин ӯро ба ғасби қудрат муттаҳам карданд.