Бозиҳои дӯстонаи дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон бо Қирғизистон
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиаш ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки дар Индонезия баргузор мешавад, дар шаҳри Бишкек бо мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (U-21) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо 30-юми май ва 2-юми июн баргузор мешаванд.