Русия аз Apple хост, ки дастрасӣ ба Telegram-ро масдуд кунад
Хадамоти алоқаи Русия рӯзи 28-уми май аз ширкати Apple дар Амрико хостааст, ки дастрасии сокинони кишварро ба паёмрасони маъруфи Telegram масдуд кунад. Дафтари матбуоти “Роскомнадзор” гуфт, корбарони Apple дар Русия тавассути телефонҳои мобил ва ҳам планшет аз паёмрасони Telegram истифода менамоянд.
Истифода аз паёмрасон, ба назари “Роскомнадзор”, бояд заифтар шавад. “Роскомнадзор”, ки ба татбиқи ҳукми додгоҳ нисбат ба Telegram аз 16-уми апрел шурӯъ кардааст, инчунин, хостааст, дастрасии бепул ё ройгони Telegram барои сокинони Русия барҳам дода шавад.
Кори Telegram пас аз он ба додгоҳ рафт, ки гуфт, намехоҳад ба Хадамоти амниятии Русия дастрасӣ ба мукотибаҳои хусусии корбаронро фароҳам кунад. Рӯзи 28-уми май Оҷонси ТАСС хабар дод, ки айни чунин музокиротро “Роскомнадзор” бо ширкати амрикоии Google ҳам ба роҳ мондааст.
Александр Жаров, раиси “Роскомнадзор” гуфт, ки Apple як моҳ фурсат дорад, ки ба ин дархости онҳо посух диҳад.