Бозори Султони Кабир дар Душанбе оташ гирифт
Яке аз бозорҳои азим дар пойтахти Тоҷикистон шаби 2-уми июн оташ гирифт ва ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ ба оташнишонҳо муяссар нашудааст, бо гузашти тақрибан як соат онро хомӯш кунанд.
Дар бозори Султони Кабир, ки дар яке аз гӯшаҳои пойтахт ҷойгир аст, ҳоло 15 мошини оташнишонӣ ба фурӯ нишондани алангаҳои оташ машғуланд. Оташсӯзӣ дар бинои 9 табақаӣ сар задааст ва ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ азбаски онҷо мебел ва ё ҷиҳози чӯбин зиёд аст, оташ баланд шудааст ва кори оташнишонҳоро мушкил месозад. Дар ин бино ҳамчунин як филиали Амонатбонк низ ҷойгир шудааст.
Дар видеое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки аз табақаҳои поёнии бино дуди ғализе хориҷ мешавад.