Эътироз бо доварон "Маҳфили зарифон"-ро нотамом гузошт
![Эътироз бо доварон](https://gdb.rferl.org/25d4f801-5882-4c8c-b3ff-91e16544012d_tv_w800_h450.jpg)
Як саҳнаи ҳаҷвӣ дар бораи қонуни пурбаҳси танзим дар Тоҷикистон, боиси бо баҳсу ҷанҷол анҷом ёфтани "Маҳфили зарифон" шуд. КВН ва ё "Маҳфили зарифон" шоми 30-уми май миёни донишҷӯёни ду донишгоҳ - дастаи "Наврӯз"-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва "Муҳандиси ҷавон"-и Донишгоҳи техникӣ баргузор шуд.