Додгоҳ шикояти Каромат Шарифовро радд кард
![Додгоҳ шикояти Каромат Шарифовро радд кард](https://gdb.rferl.org/F6267C9B-9C9C-4176-8371-EF173B09B3A0_w800_h450.jpg)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 4-уми июн шикояти Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик аз болои се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури дохилиро ба назар нагирифт. Каромат Шарифов иддао карда буд, ки ин ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии ӯ ба мақомоти Русия маълумоти гӯё ғалат пешниҳод кардаанд. Ҳамакнун Каромат Шарифов то 30 рӯзи оянда фурсат дорад, ки аз болои ин ҳукми додгоҳ шикоят барад.
Баррасии даъвои Каромат Шарипов дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғози моҳи май шурӯъ шуда буд. Асли даъво ба он бармехӯрад, ки соли гузашта ҷониби Душанбе ба мақомоти Русия гуфтаанд, "ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст". Дар ҳоле, ки худи Каромат Шарипов иддао дорад, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ҳеҷ вақт шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистонро нагирифта буд.
Каромат Шарипов ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфт, солҳои 80-ум дар қайди Файзобод будани ӯ маънои онро надорад, ки ҳанӯз ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дар ҳоле ки ба қавли Шарипов, ӯ солҳои 80-ум аз қайди зодгоҳ ва комиссариати ҳарбӣ хориҷ шуда буд.
Шарипов мегӯяд, танҳо дар сурате ба шаҳрванди Тоҷикистон буданаш эътироф мекунад, ки агар дар ин бора қарори Додгоҳи конситутсионии Тоҷикистон содир шавад. “Агар дар Суди конситутсионӣ маълум шуд, ки Каромат Шарипов шаҳрванди Тоҷикистон аст, дар он сурат ба ин розигӣ медиҳам. Чун агар суди ноҳиявӣ дар ин бора гап занад, баъдтар мегӯянд, шаҳрвандии туро ноҳия дода буд. Ба ман ё аз мақомоти болоӣ (судҳои болоӣ) шаҳрвандии Тоҷикистонро диҳанд ва ё аз он даст кашанд. Ман ба ҳардуаш розиам”, -таъкид кард Каромат Шарипов.
Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, ки сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст. Русия баъди ин шаҳрвандии Каромат Шариповро бекор кард ва ҳоло ӯ, ба гуфтаи худаш, як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст. Шарипов ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи манфиатдор донистааст, ки ба ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи муҳоҷирон рабт дорад.
Вай ду моҳ пеш аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хост, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон ё Бритониё кумак кунанд. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон моҳи март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳеч вақт шаҳрвандии Тоҷикистонро надошт ва намехоҳад дар кишвар бимонад.