Нишасти "Чаҳоргонаи Нормандия" истиқрори нирӯҳои СММ-ро дар Украина баррасӣ мекунад
Вазирони хориҷаи Олмон, Фаронса, Русия ва Украина қарор аст рӯзи 11 июн дар Берлин барои баррасии низоъ дар шарқи Украина ташкили ҷаласа кунанд. Дар музокироти бо номи “Чаҳоргонаи Нормандия” қарор аст мавзӯи истиқрори ҳайати посдорони сулҳи СММ дар шарқи Украина ҳам баррасӣ шавад.
Ҳамаи ҷонибҳо бо истиқрори нирӯҳои СММ розӣ ҳастанд, вале рисолат ё вазифаҳои ин нирӯҳо мояи баҳси тарафҳо шудааст. Олмону Фаронса мехоҳанд, ки нирӯҳо дар тамоми манотиқи зери назари ҷудоиталабони рӯ ба Русия, аз ҷумла дар марзи Украинаву Русия гузошта шаванд.
Русия мухолифи дар марз будани нирӯҳо аст. Аз замони шурӯи мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 10300 нафар кушта шудааст. Талошҳои хатми ҷанг то ҳол ҳеҷ натиҷа надодааст. Рӯзи 6 июн Шӯрои амнияти СММ бо пахши изҳороте аз ҳамаи ҷонибҳои даргир дар ин низоъ хост, ки созиши соли 2015-ро ба хотири ҳифзи суботу сулҳ дар шарқи Украина эҳтиром кунанд.