"Об нест. Маҷбурем, аз баҳри замин гузарем" ВИДЕО
Ба даҳҳо гектар замини кишт дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон беобӣ ва хушкшавӣ таҳдид дорад. Кишоварзон гуфтанд, ки чанде пеш дар ин заминҳо гандуму пахта киштанд, аммо то ба ҳол натавонистанд об диҳанд.