Мулоқоти Путин бо Болтон дар Кремлин баргузор мешавад
Ӯ гуфт, ки ёвари президенти ИМА имрӯз дар Маскав бо вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров, ёвари президент Юрий Ушаков, ва раҳбари Шӯрои амнияти Русия мулоқот анҷом медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мавзӯи аслии музокироти Болтон бо Маскав омодагӣ ба саммити ИМА ва Русия аст, ки эҳтимолан ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.. Матраҳ шудани ин мавзӯъ дар мулоқотро Гаретт Маркӣ, намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА, дар "Твиттер" тасдиқ кард.