Қирғизистон бо кӯмаки БҶ барои тоҷиктаборон китобҳои дарсӣ таҳия мекунад
Вазорати маориф ва илми Қирғизистон бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ барои мактабу синфхонаҳои тоҷикии ин кишвар, 34 китоби дарсӣ ва таълимӣ таҳия хоҳад кард. Ин китобҳо дар назар аст то оғози соли нави хониш, яъне то тирамоҳи соли равон, ба ихтиёри хонандагон гузошта шавад. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи мутахассисон дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ба тарҷумаи ин китобҳо машғул ҳастанд.
Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, рӯзи 27-уми уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин 34 китоб, 15 адади он методикаи таълимӣ буда, дигар китобҳои дарсӣ барои талабагони тоҷики ин кишвар мебошад.
Вай гуфт китобҳои дарсӣ ҳамаи фанҳо, аз ҷумла “Инсон ва ҷомеа”, "Информатика, “Санъати тасвирӣ, “Биология”, География”, “табиатшиносӣ” ва ғайраро дар бар мегирад. Қодиршоҳи Мурувват афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ин китобҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума мешавад.
Вай мегӯяд, китобҳои дарсии дар Қирғизистон таҳияшуда, нахуст ба забони қирғизӣ дар Академияи педагогии ин кишвар омода шуда ва дар коллегияи Вазорати маориф омӯзиш ва улум тасдиқ мешаванд. Сипас ба забонҳои дигар тарҷума шуда, ба мактабҳо фиристода мешавад.
Вазорати маориф ва илми Қирғизистон дар моҳи ноябри соли гузашта ба як узви ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон Истодаой Турсунова барои таҳияи китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ нишони “Аълочии соҳаи маориф” тақдим карда буд.
Истодаой Турсунова, ки хатмкунандаи факулати филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, 22 сол пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Бишкек ҳиҷрат кард. Ӯ тайи ҳафт соли ахир барои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китобҳои дарсӣ таҳия мекунад.
То чанд соли пеш дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китобҳои дарсии Вазорати маорифи Тоҷикистон таълим дода мешуданд. Қодиршоҳи Муррувафт сабаби таълими китобҳои дарсии Қирғистон дар мактабҳои тоҷикиро чунин шарҳ дода буд: "Солҳои пеш иҷозат буд аз Тоҷикистон китобҳои дарсиро ба Қирғизистон биёранд ва аз рӯи онҳо дарс гузаранд. Аммо баъдан, вақте мавзӯи истиқлолият дар миён омад, дигар Қирғизистон иҷозат надод, ки китобҳое, ки дар аввали саҳифаи онҳо матни суруди миллӣ, акси парчам, нишон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, инҷо истифода шавад."
Барои ҳамин, назарҳое пайдо шуд, ки адабиёти аз Тоҷикистон воридшуда набояд ба мақсаде истифода шаванд, ки хонандагон надонанд, ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва раиси ҷумҳурашон кӣ аст. Барои ҳамин, вазорати маорифи Қирғизистон аз ин пешгирӣ кард ва онҳоро маҷбур кард, бар асоси меъёрҳои ин кишвар китоб таҳия кунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистони ҳамсоя 3 мактаби пурраи тоҷикӣ ва 6 синфхонаи тоҷикӣ амал мекунад. Дар ҷануби Қирғизистон беш аз 50 ҳазор тоҷиктабор зиндагӣ мекунанд. Дар се мактаб ва шаш синфи тоҷикӣ зиёда аз 3 ҳазор муҳассил бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд.