Макон ва замони мулоқоти Трамп ва Путин мушаххас шуд
![Макон ва замони мулоқоти Трамп ва Путин мушаххас шуд](https://gdb.rferl.org/8E9C487E-1D9F-4DD4-9D7F-52EFBEABE0B5_w800_h450.jpg)
Мулоқоти президентҳои ИМА ва Русия - Донад Трамп ва Владимир Путин рӯзи 16 июл дар Ҳелсинки - пойтахти Финландия баргузор мешавад. Дар ин бора Кремлин ва Кохи сафед рӯзи панҷшанбе хабар доданд.
Дар Кремл гуфтанд, ки раҳбарони ду давлат вазъи феълӣ ва дурнамои робитаҳои Русия ва Амрико ва масоили байналмилалиро матраҳ мекунанд.
Барномаи мулоқоти Трамп ва Путин рӯзи гузашта баъди сафари Ҷон Болтон, ёвари президенти ИМА дар умури масоили амнияти миллӣ ба Маскав, эълон шуд. Худи Трамп борҳо гуфтааст, ки мехоҳад бо Путин муносибати беҳтар барпо кунад ва Русияро ба ҳалли масоили байналмилалӣ ҷалб намояд.
Мулоқоти ҳарду раиси ҷумҳур баъди иштироки Трамп дар ҷаласаи НАТО , 11-12 июл, сафари ӯ ба Британия, 13 июл ва ҳамчунин баъди анҷоми бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол дар Маскав, ки Путин дар он ширкат мекунад, багузор хоҳад шуд.