Тамдиди мӯҳлати бозгашти паноҳҷӯёни афғон аз Покистон
Ҳукумати Покистон соли гузашта эълон кард, ки ҳамаи паноҳандагони афғон бояд ба кишварашон баргарданд, аммо аз он замон то кунун се дафъа мӯҳлати бозгашташонро тамдид кард. Охирин мӯҳлат рӯзи 30-уми июн ба поён расид.
Барои бисёре аз паноҳҷӯёни афғон Покистон ба ягона маҳалли зиндагӣ табдил шудааст. Онҳо сар аз солҳои 80-ум дар замони ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон ба Покистон паноҳ бурданро шурӯъ карданд ва бисёре аз онҳо ба далели ноамнӣ дар Афғонистон бозгаштан намехоҳанд.