Шаҳрванди Қирғизистон дар ҳавопаймо таваллуд кард
Ба маълумоти мақомоти фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон, дарди зоиши ин зан баъд аз парвоз оғоз шуд.
Гуруҳи меҳмондорони ҳавопаймо ба ҳодиса зуд вокуниш нишон доданд ва ба зан кӯмак расонидаанд, то кӯдакашро беосеб ба дунё биёрад.
Ҳавопаймо ба фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон баргашт ва модару кӯдакро ба бемористон интиқол додаанд.