Садамаи қатор дар Туркия 24 нафарро қурбон кард
Қатор 360 мусофир дошт. Бино ба хабарҳои охир, дар ин ҳодиса 24 мусофир кушта ва беш аз 70 тани дигар ҷароҳат бардошт. Дар ҷои ҳодиса 100 мошини "Ёрии таъҷилӣ" равуо доранд ва мақомоти Туркия ҳамчунин чархболҳои наҷотдиҳандаро ба ин ҷо фиристодаанд.
Ба гуфтаи мақомот, вазъи номусоиди ҳаво боиси садама шудааст. Дар минтақаи садама борони шадид меборид ва роҳи оҳанро сел пур кардааст.