Гурӯҳи наҷот ҳамаи 13 нафарро аз ғори Таиланд берун овард
![Гурӯҳи наҷот ҳамаи 13 нафарро аз ғори Таиланд берун овард](https://gdb.rferl.org/B10EAE51-AD6C-4920-8B08-AF0F4CBA5C07_w800_h450.jpg)
Рӯзи 10 июл охирин бачаро аз ғоре дар Таиланд, ки бар асари борони сел зери об монда буд, берун оварданд ва ба думбол мураббии 23 солаи онҳо низ наҷот ёфт. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод.
13 нафар - 12 навраси узви тими футбол ва мурабии онҳо ду ҳафтаи ахирро дар ғори Кҳао Луанг сирапӣ карданд, ки бар асари борони шадид зери об монда буд.
Амалиёти наҷоти кӯдакон бо иштироки ғаввосони хориҷӣ ҷараён гирифта, ба он воҳиди Нерӯҳои баҳрии Таланд низ ҳамроҳ шуд.
12 навраси аз 11 то 16-сола ва мураббии онҳо, ки ки рӯзи 23 июн дар ғори Кҳао Луанг саёҳат мекарданд, ба думболи борони шадид ва зери об мондани ғор натавонистанд аз он берун раванд ва аз ҷаҳони беруна бурида шуданд.