"Тоҷикфилм" дар бораи "Роғун" филм меофарад
Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси "Тоҷикфилм" дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба манъи филмсозӣ бидуни иҷозаи “Тоҷикфилм”, тахриби синамохонаи “Ватан”, сохтмони кинотеатри ҷадид дар ҳудуди студияи филмсозии Тоҷикистон, таъсиси намояндагии “Тоҷикфилм” дар вилоятҳои кишвар суҳбат кард.