Модари 28-солаи тоҷик бо се фарзандаш бедарак шудааст
![Модари 28-солаи тоҷик бо се фарзандаш бедарак шудааст](https://gdb.rferl.org/8A24CCAD-285B-4DD8-A93E-C022403822CB_cx0_cy19_cw0_w800_h450.jpg)
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷустӯҷуи як модари ҷавоне идома дорад, ки рӯзи ҷумъа, 12-уми июл баъди моҷаро бо шавҳараш бо се фарзанди хурдсолаш хонаро тарк карда ва то ҳол бедарак аст.
Хешовандони Шодигул Давлатоваи 28-сола аз ҷамоати Роҳатӣ бо ирсоли акси ӯ ва се фарзанди хурсолаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки модари ҷавон бо як писару ду духтараш аз рӯзи 12-уми июл бедарак аст ва ҷустӯҷуи зиёди хешовандон ва мақомоти милиса то кунун натиҷа надодааст.
“Тамоми сардхонаҳоро дидем, дарёҳоро дидем, ғаввосон ҳам дарёро (Кофарниҳон) ҷустӯҷу карданд, ҳеҷ нишоне наёфтем” – гуфт, ӯ яке аз наздикони хонавода. Ба қавли ӯ, Шодигул Давлатова, сокини ҷамоати Роҳатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо шавҳараш моҷаро карда ва “соати 4 бомдод кӯдаконашро гирифта, дигар барнагаштааст”.
Назира, хоҳари Шодигул рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шӯъбаи умури дохилӣ аст ва мақомоти милиса симкортеро, ки шикаста буд, барқарор кардаанд”, то муайян кунанд, ки ӯ қабл аз тарки хона бо кӣ тамос гирифта буд.
Радиои Озодӣ ба далелҳои ахлоқӣ акси кӯдаконро, ки ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, нашр намекунад.