Додгоҳ: "Алайҳи Кабирӣ бо 18 моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст"
![Додгоҳ:](https://gdb.rferl.org/473FFDAC-CB04-4D31-BC2B-BA86459D0786_w800_h450.jpg)
Мурофиа судии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Алайҳи Кабирӣ бо 18 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, мурофиаи додгоҳии Кабирӣ пушти дарҳои баста дар Додгоҳи олӣ идома дорад. Ба қавли раиси Додгоҳи олӣ, танҳо баъди қабул шудани қарори суд алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, ҷузъиёти парванда ва мурофиа эълон карда мешавад. Масъулини Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, алайҳи Муҳиддин Кабирӣ бо 18 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон боз шудааст.
Мақомоти тоҷик Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба даст доштан дар "ошӯб"-и соли 2015-и муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", муттаҳам мекунанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи ҲНИТ, ки аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷа ба сар бурдааст, ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва тӯҳмат ба хотири аз байн бурдани ҳизби сиёсиаш дар Тоҷикистон унвон кард.