Тоҷикистон муҷозоти табъизро сахттар мекунад
![Тоҷикистон муҷозоти табъизро сахттар мекунад](https://gdb.rferl.org/9728BC0D-3D03-4667-BB6F-1EC74B9D59AA_w800_h450.jpg)
Дар Тоҷикистон таҳияи қонуни мубориза бо табъиз ҷараён дорад ва эҳтимол дорад ин санад то охири соли ҷорӣ ба тасвиб расад. Мақомот мегӯянд, тарҳи қонуни нав бо машварати созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва бо ширкати ҷомеаи мадании Тоҷикистон, таҳия мешавад.