Масъулияти ҳамлаи Торонроро ДИИШ бар дӯш гирифт
Дар ҳамлаи Торонто як марди мусаллаҳ дар яке аз кӯчаҳои шаҳр ба сӯи қаҳвахона ва тарабхонаҳо оташ кушод. Дар ин ҳодиса ду нафар, бо шумули як духтараки 10-сола кушта ва 13 нафар захмӣ шуд.
Ҳамлагар аз тири пулис ба ҳалокат расид. Ин мард 29 сол дошт ва наздиконаш гуфтанд, ки ӯ аз маризии равонӣ ранҷ мебурд.