Тоҷикистон ба вуруди то 50 кг бор аз Узбекистон иҷоза дод. ВИДЕО
Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки интиқоли маҳсулот аз Узбекистон ба ин кишвар дар ҳаҷми то 50 килограмм иҷоза мебошад. Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон 2 август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳамчунин сокинони ду кишвар метавонанд ба маблағи то як ҳазор доллар маҳсулотро ба Тоҷикистон бидуни таҳияи асноди расмӣ ворид кунанд.
Ҷаноби Каримзода дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки чаро воридоти тухми мурғ аз Узбекистон ба Тоҷикистон манъ шудааст, гуфт, ки “воридоти тухми мурғро касе манъ накардааст. Аммо, ахиран сохторҳои назоратӣ ҳудуди 435 ҳазор дона тухми мурғи воридотӣ аз Узбекистонро ошкор карданд, ки комилан корношоям буд. Тоҷирон тухми мурғро маъмулан дар гузаргоҳҳои марзӣ зери офтоб нигаҳ медоранд, ки дар ниҳоят ин маводи ғизоиро корношоям месозад. Аммо воридоти тухми мурғ бо риояи куллия муқаррароти нигаҳдории ин маҳсулот манъ нашудааст”.
Хуршед Каримзода ҳамчунин хабар дод, ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистонро комилан бозсозӣ кунад, зеро тӯли солҳои аз фаъолият бозмонданашон онҳо корношоям шудаанд. Ба гуфтаи вай, “асосан инфрасохтори ин гузаргоҳҳо ва роҳҳои мошингард аз онҳо зиёд хароб шудаанд”. Ба иттилои вай, дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар доду гирифт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. “Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содир карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид кардааст”, гуфт Хуршед Каримзода.