Дар макони қатли сайёҳони хориҷӣ дар Данғара лавҳаи ёдбуд гузошта шуд
Дар маҳалли ҳамла ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ дар ҷамоати Себистон лавҳаи хотира ва гулдастаҳо гузошта шудааст. Дар рӯи он навиштаҷот ба ду забон – англисӣ ва тоҷикӣ чунин нашр шудааст: “Ҳамдардиву тасаллияти амиқи кулли мардуми Тоҷикистон ба наздикону пайвандони сайёҳони хориҷии фавтида”.
Ҷана Ашӯрова, як корбари Фейсбук, ки ин аксро 2 август дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин лавҳаро субҳи имрӯз кормандони мақомоти ноҳияи Данғара гузоштаанд. Ӯ гуфт, ки онҳо ният доранд гирду атрофи лавҳаро обод карда онро ба лавҳаи хотираи марги бераҳмонаи сайёҳон табдил диҳанд.
Қатли чор сайёҳ ва маҷрӯҳ кардани се туристи хориҷӣ дар як ҳамлаи рӯзи 29 июл бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Ин ҳодиса бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард.