Марги 2 нафар дар зери чархи мошини муфаттиш "айби техникӣ" эълон шуд
Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон сабаби садама бо иштироки Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши пешини додситонии ноҳияи Ховалингро, ки дар натиҷа Рамазон Асламови 33-сола ва Фатҳулло Расулови 25-сола ҷон бохтанд, "айби техникӣ" гуфтааст. Аз ин рӯ, ин ҳолатро ҳоло Додситонии кулл зери тафтиши худ гирифтааст.